Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, рӯзи 24 октябр дар маросими ифтитоҳи студияи нави телевизион ва радиои вилояти Суғд иштирок кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, зимни суҳбат дар ин маросим президент ба рӯзноманигорон ҳам муроҷиат кард ва онҳоро ба таҳияи матлабҳои таҳлиливу интиқодӣ дар ҳама мавзӯъ, ба хусус иқтисод ва саноат, кишоварзӣ даъват карда, зикр намуд, ки таърифу ситоишҳои барзиёд тавассути телевизион ва радиоҳои кишвар бар суди давлату ҳукумат нест ва ба пешрафти он мусоидат намекунад.

Ӯ рӯзноманигоронро «чашму гӯши давлат» номид ва афзуд, рӯзноманигорон бояд бо матлабҳои таҳлиливу интиқодӣ бо забони содаву фаҳмо ба ҳалли мушкилоти ҷомеа ва ҳамин тавр рушди кишвар саҳм бигиранд.

“Бо матолиби худ табиати диданӣ ва ҳавою обу чашмаҳои шифобахш ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён, сайёҳону ҷаҳонгардон муарифӣ кунед”, - таъкид дошт Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, таъкиди президент дар ҳолест, ки мунаққидони матбуотӣ мегӯянд, дар шароити маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон, матбуоти тоҷик ҳарчи бештар аз баррасии масоили дардноки сиёсиву иҷтимоӣ парҳез мекунад ва дар барномаҳои телевизионҳои давлатӣ танҳо аз пешрафту дастовардҳои кишвар сӯҳбат мешавад.