Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор дод, ки аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷу пешбинӣ шудааст.

Бинои асосии Коллеҷи тиббӣ дорои 42 синфхонаи таълимӣ ва бинои дуюми Коллеҷ аз 31 синфхона ва 38 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Коллеҷ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ барои 70 ҷой, толори хониш бо фарогирии 60 нафар донишҷӯй, маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст ,  толори варзишӣ бо 240 ҷойи нишаст ва ошхона барои зиёда аз 200 ҷои нишаст мебошад.

Сипас Президенти мамлакат дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” иштирок кард.


Иқтидори истеҳсолии навбати дуюми маҷмааи нассоҷӣ наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол буда, дар он зиёда аз 200 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар маҷмааи нассоҷӣ имрӯзҳо ба Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон содирот мешавад. Ҳамзамон корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо ришта таъмин менамояд. бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи марҳалаи дуюми ин корхона Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки барои коркарди пурраи нахи пахта марҳала ба марҳала кластерҳои агросаноатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил кунад ва «Ҷунтай Данғара” ба сифати яке аз корхонаҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ маҳз бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол ва содироти маҳсулоти нассоҷӣ бунёд шуда истодааст.

Дар идома Сарвари давлат навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуд.


Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, ба истеҳсоли маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯи маҳсулот истеҳсол менамояд. Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми корхонаи “Фарм Текс” санги асос гузошт.

Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ - пахта фаъолият намуда, дар марҳилаи аввал дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид. Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни Наврӯз боз 50 нафари дигар дар сехи дузандагии корхона соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.

Ҳамчунин ба фаъолияти корхонаи муштараки “Муосир” оғози расмӣ бахшида шуд, ки айни замон дар он 3 намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол карда мешавад.

Ба Президент иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона 80 нафар, аз ҷумла 60 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, дар баробари сокинони маҳаллӣ ҳамчунин аз дигар минтақаҳои мамлакат шаҳрвандон ба кор ҷалб шудаанд ва ба онҳо дар ҳудуди корхона манзили зист муҳайё мебошад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27-ро ифтитоҳ кард. Бинои нави Маркази саломатии деҳаи Паркамчӣ аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, аз як ошёна ва ҳуҷраи барои хатна, таваллудхона, доругузаронӣ, ҳуҷраи қабули беморон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Бинои нави таълимии мактаби №27 аз 3  ошёна иборат буда, дорои 960 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Мактаб аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар таълимгоҳ айни замон 300 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст, ки омӯзгорони соҳибихтисосу ботаҷриба ба онҳо таълим медиҳанд.

То имрӯз тариқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 16 нафар омӯзгори ҷавон аз ҳисоби хатмкардаҳои муассисаҳои соҳавии кишвар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд.

Зикр мегардад, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президент барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи деҳа дар дастаҷамъӣ барои ободии як гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд.

Дар ин баробар мумфарш кардани 4,5 километр роҳҳои байни деҳаҳо, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонии нав, васли чароғакҳои равшанидиҳӣ, бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ва ғайра, аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи маҳаллӣ сурат гирифтанд.

1/6

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 27 дар деҳаи Паркамчии деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки тибқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ, яъне то моҳи сентябри соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлат ва аз ҷониби шахсони саховатманду эҳсонкор қариб 20 ҳазор иншоот бунёд мегардад.

Сипас Сарвари давлат дар ҳамин деҳа бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии Раҳмон Футур шинос шуданд. Майдони умумии хоҷагӣ дар маҷмуъ 439 гектарро ташкил медиҳад ва аҳли меҳнат ба ғаллакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд. Дар Кооператив 90 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо бо иштироки Президент бунёди боғи меваҳояш содиротӣ дар майдони 100 гектар оғоз гардида, Эмомалӣ Раҳмон ангури навъи ҳусайнии сиёҳу сафед шинонид ва ба кишоварзон дар самти амалӣ намудани ин иқдоми нек барору комёбӣ орзу кард.

Ҳамчунин дар ин ҷо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Аз тарафи бонувони ҳунарманд бошад, намунаҳои таомҳои миллӣ ва намудҳои гуногуни нон омодаву пешниҳод карда шуд.