Азим Иброҳим бахусус аз захираҳои нокофии маҳсулоти ғизойӣ ва шароити зимистонгузаронӣ барои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи дар вилояти Суғд норозигӣ изҳор намуд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи кории Ситоди ҷумҳуриявиро оид ба омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 баргузор намуд.

Тавре АМИТ “Ховар” дар ин робита иттилоъ медиҳад, мутобиқи маълумоти оморӣ, хӯроки чорво танҳо барои 7-8 фоизи чорвои хоҷагиҳои деҳқонии вилоят захира гардидааст, аммо барои 92-93%, ки бахши хусусиро ташкил мекунад, аз ҷониби сохторҳои масъул маълумот пешниҳод нагардид ки ин сабаби ташвиш мебошад.

Азим Иброҳим ҳамзамон нақшабандии соҳаҳоро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бе ҳисобу китоби дақиқ ва муайян сохтани талаботи воқеии соҳа амалӣ мегардаду комилан ҷавобгӯи талабот намебошад, низм мавриди интиқод қарор дод.

Зимнан муовини сарвазир аз масъулини вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даъват ба амал овард, ки то 1 декабри соли ҷорӣ ҷиҳати комилан баратараф кардани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.