Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Шарифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Мансурҷон Умаров, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолият дошт, муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Мансурҷон Умаров
Озодӣ TV

Иззатулло Шарифзода дар пасманзари ошӯби шаби 8 ноябри маҳбусон дар муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар натиҷаи он ду зиндонбон ва 21 маҳбус кушта шуд, аз вазифа барканор мегардид.

Инчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода - Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Шодихон Ҷамшед, ки чанде пеш аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод шуда буд, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

1/6

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардида, Маҳаммадраҳим Юсуфӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Рустам Акрамзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳамидулло Маҳмадшозода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Парвиз Акрамзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.