Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола санаи 24 ноябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар паёми табрикотии Президент ба ин муносибат қайд мешавад, ки ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад.

“Сокинони заҳматқарину созандаи мо ба ин дастоварди бузург таҳти парчами парафшони давлати соҳибистиқлоламон ноил гардиданд ва ин иншооти бузурги асрро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои боз ҳам ободу пешрафтаи ватани азизамон бунёд карда истодаанд”, - омадааст дар паём.

Сарвари давлат изҳори итминон кардааст, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва бо парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба як мулки пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзандаи худро мегузоранд.

“Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”, - таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотӣ.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари кишвар ҷорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар чорабинии асосӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз иштироки беш аз 4 ҳазор нафар сокинону меҳмонони пойтахт интизорӣ меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.