Ҳафтаи гузашта яке аз генералҳои бонуфузи Тоҷикистон - Иззатулло Шарифзода аз вазифаи Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки наздик ба 12 сол онро роҳбарӣ намуд, барканор шуд ва ба ҷойи ӯ Мансурҷон Умаров, ҳамакнун собиқ муовини аввали раиси КДАМ таъйин гардид. Генерал-полковник Иззатулло Шарифзода аз нафарони муҳим дар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ки ҳар амалу сухани ӯ барои ҷомеаи кишвар қобили таваҷҷуҳ буд.

Дар хусуси Иззатулло Шарифзода маълумоти зиёди расмӣ дастрас нест, аммо баъзе аз нафароне, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва баъдан факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан ба системаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СИҶҶ) ба кор омадааст. Тахминан 15 сол дар СИҶҶ фаъолият намуда, солҳои 1997 – 2005 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе кор кардааст. Як муддати кӯтоҳ ҳамчун сардори Хадамоти оташхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилӣ низ фаъолият намудааст. Маҳз замони фаъолият дар мақоми сардори милитсияи шаҳри Душанбе Иззатулло Шарифзода аз худ ҳамчун як нафари боқатъият ва сахтгир дарак медиҳад. Воситаҳои ахбори омма аз муборизаи беамони ӯ бо ҷинояткорӣ ва ҷинояткорони ашаддӣ менависанд. Он замон ба боздошти ҷинояткорони шинохта даст мезанад, ки ин кор номи Иззатулло Шарифзодаро барои журналистон ва ҷомеа ошно месозад. Баъдан ба мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия таъйин мешавад ва тавре худи ӯ дар як мулоқоташ бо рӯзноманигорон иброз дошта буд, “аксари нафарони боздошткардааш зери дасти ӯ муҳлати ҷазояшонро сипарӣ кардаанд”.

Чаро “Зорро”?

Шахсоне, ки аз фаъолияти кории Иззатулло Шарифзода огоҳ ҳастанд, мегӯянд, ки қабл аз сардори милитсияи шаҳри Душанбе таъйин шуданаш ба ӯ тахаллуси “Зорро” дода шуда буд, аммо замони фаъолият дар курсии сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ӯ чун “Зорро” машҳур гардид. Имрӯз дигар ҷойи пинҳон кардан нест, ки генерал-полковник Иззатулло Шарифзодаро ҷомеаи Тоҷикистон бо тахаллуси “Зорро” бештар мешиносад. Мегӯянд, ки ҷаноби генерал бештар бо сарпӯши сиёҳе гаштугузор мекард, ки ба сарпӯши қаҳрамони филми “Зорро” шабеҳ буд. Қаҳрамони ин филм ҳам бо ҷинояткорӣ мубориза мебурд. Аз ин сабаб, ба Иззатулло Шарифзода номи “Зорро”-ро нисбат доданд. Дар ҳамон мулоқот бо рӯзноманигорон ӯ бо табассум гуфт, ки аз ин “тахаллус”-аш огоҳ аст.

Ҳатто яке аз нависандагон ва шоирони тоҷик Гули Зард дар бораи Иззатулло Шарифзода китобе навишта, номи онро ҳам “Зоррои тоҷик” гузоштааст. Ӯ дар ин китоб “Зорро”-ро инсони накӯ ва намунаи ибрати дигарон таъриф карда, менависад:

“Бисёриҳоро мешиносам, ки баъди соҳибвазифа шудан хешу таборро одам намеҳисобанд ё аз боло ба поён нигариста, ҳарф мезананд. Куллан тағйир меёбанду дигар худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд. Иззатулло дигар аст. Хоксору ҳалим ва арзандаи таърифу таҳсин”.

Даъват ба зиндон

Иззатулло Шарифзода то ду ҳафта пеш аз барканорӣ, яъне ҳудуди 12 сол тавонист, ки бо панҷаи оҳанин зиндонҳои Тоҷикистонро зери назорат гирад ва тартибу низомро дар он ҷорӣ намояд.

Дар ин муддат ниҳоди зери роҳбарии ӯ ҳамеша аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорон мавриди танқиди шадид қарор мегирифт. Ин сабаб шуд, ки ӯ дарҳои зиндонҳоро ба рӯйи ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон боз кард ва аз онҳо даъват намуд, ки ба зиндонҳои кишвар ташриф оранд ва аз вазъи воқеии он бевосита хабардор шаванд.

Ин “пресс-тур” ба зиндонҳо боис гардид, ки ҷомеаи кишвар аз вазъи кунунии маҳбасҳо то андозае огоҳ гардад. Тасаввуроти то он лаҳза дар бораи зиндонҳо доштаи одамон тағйир ёфт ва журналистон дар баробари камбудиҳо, аз шароити беҳтари зиндониён низ матлабҳо менавистанд. Худи генерал-полковник Иззатулло Шарифзода ҳам дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфта буд, ки вазифаи ӯ нигоҳубини зиндониён аст, аммо агар онҳо аз ҳукми суд шикоят кунанд, маънои онро надорад, ки шароити нигоҳубинашон бад аст.

Бояд эътироф кард, ки ӯ аз гуфтани камбудиҳои ниҳоди зери идорааш канораҷӯйӣ намекард ва иқрор мешуд, ки мушкил вуҷуд дорад ва кӯшиш мекунад, ки камбудиҳо бартараф ва қонуншиканиҳо пешгирӣ карда шаванд. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки кор бе камбудӣ намешавад: “Дар гузашта буданд мавридҳои бадрафтории маъмурон алайҳи маҳбусон, ки онҳо рафъ шуданд. Маъмуроне, ки бадрафторӣ карда буданд, ҷазои худро гирифтанд”.

Ва ё вақте волидони маҳбус Ҳамза Икромзода сабаби марги писарашонро пурсон шуданд, ӯ онҳоро қабул карда, гуфта буд:

«Агар дидаву дониста ҳамин кормандон ин корро карда бошанд, оддӣ карда гӯем, ӯро Худо мезанад. Хонаш сӯзад ҳаминхел одамро. Чунки ин соҳаи ман аст ва ин камбудии кори ман ҳисоб мехӯрад, агар онҷо шиканҷа бошад”.

Хуршед Қунғуротов, сармутахассиси собиқи соҳаи бемориҳои руҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар як суҳбати кӯтоҳ ба мо гуфт, ки дар панҷ соли охир ҳамагӣ як нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон даст ба худкушӣ заданд. Дар ҳоле ки қаблан ин ин гуна ҳодисаҳо зиёд рух медоданд.

Дар маҳбасҳои Тоҷикистон «Вор в законе» нест ва Худо хоҳад ошӯб намешавад!

Иззатулло Шарифзода ҳамеша таъкид мекард, ки назорати зиндонҳои Тоҷикистон ба зиммаи ӯ аст ва танҳо худи ӯ “сухани охирин”-ро мегӯяд. Ин як навъ ишора ба набудани пешвои ғайриқонунӣ ё “вор в законе” дар маҳбасҳои кишвар буд. Соли 2011, зимни боздид аз маҳбасҳо ӯ ба саволи “оё дар зиндонҳои Тоҷикистон “вор в законе” ҳаст?” чунин посух дода буд:

“Ҳамаи маҳбасҳои Тоҷикистон «красный зона” аст. Яъне, тартибу низоми хуб ҷорӣ аст, роҳбар як кас - роҳбари муассиса аст. Дар маҳбасҳои ҷумҳуриҳои бародарӣ кормандони маҳбасхонаҳо ба ҷойи хоби маҳбусон рафта наметавонанд. Дар он ҷо «черный зона» бисёр аст. Солҳои пеш дар мо ҳам буд ва ҳатто дар Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) кӯшиши ошӯб кардан ҳам буд, аммо пеши роҳи онро гирифтем. Нафарони ин корро ташкилкарда ҷазо гирифтанд. Дар мо ягон ошӯб нест ва Худо хоҳад намешавад”.

Ин суханонро Иззатулло Шарифзода 7 сол қабл гуфта буд. Шояд нафаре аз зердастонаш бемасъулиятӣ зоҳир намуданду натавонистанд дастурҳои ӯро пурра иҷро намоянд ё шояд ин дуои ҷаноби генерал мустаҷоб нагардид, ки 8 ноябри соли равон дар маҳбаси №3/3-и Хуҷанд ошӯб бархост ва дар рафти пахши он, тибқи маълумоти расмӣ 21 нафар маҳбусу 2 зиндонбон қурбон шуданд. Худи Иззатулло Шарифзода аз вазифа барканор шуду ба нафарқа рафт.

Дӯстони генерал Шарифзода аз ӯ ҳамчун шахси кордон ва дар як вақт сахтгир таъриф мекунанд. Мегӯянд, ки ӯ сагбозиро дӯст медорад. Аксари нафарони бо ӯ шинос Иззатулло Шарифзодаро ҳамчун генерале зикр мекунанд, ки дар майдони ҳарб обу тоб ёфтаву соҳиби обрӯю эътибор аст.