Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ тасдиқ намуд, ки мувофиқи он ҷазо ба табибон барои номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ сангинтар шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода зимни суханронӣ назди вакилон изҳор намуд, ки тибқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ), ҷазо барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби кормандони тиббӣ сахттар мешавад.

“Барои муносибати хунукназарона ва бепарвоёна нисбати беморон, ки ба расонидани зарар ба солимии онҳо боис мегардад, табибон метавонанд ба муҳлати то 8 сол (айни замон 5 сол) аз озодӣ маҳрум шаванд”, - қайд кард вазир.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи вазир, кормандони тиббӣ, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, ки ба бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон боис мегардад, метавонанд ба муҳлати то 10 сол (айни замон то 5 сол) аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

Насим Олимзода зикр кард, ки ҳамчунин минбаъд дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ё дорусозӣ ба муҳлати то 12 сол (ҳозир то 8 сол) ҷазо муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки зимни машварти кории чанде қабл вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳор намуда буд, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият, ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.