Баргузории иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхшон, ки санаи 5 декабр таъин шуда, дар он вакилон бояд раиси нави вилоятро интихоб мекарданд, ба рӯзи 11 декабр мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар дод, масъалаи асосии рӯзномаи иҷлосия интихоби Ёдгор Файзов ба ҳайси раиси вилоят муқаррар шуда буд. Ёдгор Файзов бо фармони Президенти мамлакат санаи 1 октябр иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ таъин шуда буд.

“Ба чуз тасдиқи фармони Президент дар бораи таъини Ёдгор Файзов ба вазифаи раиси вилоят, рӯзномаи маҷлис бисёр масъалаҳои дигари марбут ба дурнамои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоятро низ дар бар мегрифт. Маҳз омодагӣ ба баррасии ин масъалаҳо тӯл кашида, боис шуд, ки санаи баргузории иҷлосия аз 5 ба 11 декабр мавқкф гузошта шавад”, - қайд кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ рӯзи 15 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди иниқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, аллакай санаи 18 сентябр 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард.

Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Рӯзи 1 октябр бошад, президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшеро низ аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Ёдгор Файзов таъин шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.