Як гурӯҳи вакилони парлумони Тоқикистон бо ташаббуси ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори назар карданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, падару модарон ба омӯзиши фарзандони худ дар мавриди пешгирии бемориҳои сироятӣ уҳдадор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз ташабускорони тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии парлумон Дилрабо Мансурӣ хабар дод.

“Ғайр аз ин, онҳо уҳдадор мешаванд, ки ба фарзандони худ дар бораи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги санитария ва фарҳанги рафтор дар ҷойҳои чамъиятӣ зимни муносибат низ маълумоти кофӣ диҳанд”, - қайд кард вакил.

Тибқи тағйироту иловаҳо, волидон ҳамчунин уҳдадор мешаванд, ки ба фарзандони худ дар мавриди бемориҳое чун нашъамандӣ, майпарастӣ, ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), вобастагӣ ба маводи нашъаовар низ маълумоти зарурӣ диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки расо 8 сол пеш, 14 декабри соли 2010 бо ташаббуси президенти Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд”  ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Санаи 2 августи соли 2011 қонун мавриди амал қарор гирифт.

Бино ба маълумоти омории ВКД, соли 2017 дар Тоҷикистон барои риоя накардани меъёрҳои қонуни мазкур нисбати волидон қариб 16 ҳазор санади маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои рафтору кирдори ношоистаи фарзандон, волидонро лозим омад, ки ба маблағи умумии 1,3 млн. сомонӣ ҷарима пардохт кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.