Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаҳо озод кардани сараудиторони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Муҳаммадалӣ Самизода, Назаралӣ Файзализода ва Акрам Кучакшозода, ба палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод ирсол намуд.

Ҳамаи шахсони дар боло зикргардида бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз мансабҳои ишғолкардаашон озод карда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Палатаи ҳисоби Тоҷикистон.

Ҳамзамон президент ба парлумон пешниҳод кардааст, ки Рустами Алиаҳмадиён ва Ромиши Давроншоҳиён, ки айни замон ба сифати сардорони раёсатҳои Палати ҳисоб фаъолият доранд, сараудиторони Палата таъин карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявии ҷумҳурӣ мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода месозад.

Ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

Ҳадаф аз баргузории санҷишҳои Палатаи ҳисоб арзёбии мувофиқати истифодабарии захираҳои давлатии буҷетӣ ва захираҳои дигар ба қонунгузории Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мебошад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.