Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 2 январ фармон дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021-ро ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармон бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Зимни ироаи паём ба парлумон санаи 26 декабр Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буд, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

“Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои зикршуда дар самти мазкур ва ҳамзамон бо ин, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ тадбирҳои иловагӣ андешад”, - гуфта буд президент.

Таъкид шуда буд, ки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.