Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намуд, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2018 мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фиристода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январи соли гузашта низ Рустами Эмомалӣ ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2017 ба Агентии мазкур дархост ирсол карда буд.

Он замон ӯ дархост намуда буд, ки ба масъалаи арзу шикояти шаҳрвандон дар мавриди азхудкунии воситаҳои буҷет дар мқомоти шаҳрдорӣ, бахусус дар доираи амалисозии лоиҳаи “Сохтмони манзили дастрас” рӯшанӣ андохта шавад.

Баъдан масъалаи хароҷоти воситаҳои буҷет дар 69 иншооти мавриди сохтмон қарордошта ва қаблан мавриди истифода қароргирифта санҷида шуда, дар ин иншоот ба маблағи умумии 7,8 млн. сомонӣ ҳолатҳои изофанависӣ ошкор шуданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.