Дар ҷаласаи васеи ҳукумат нимаи дуюми рӯзи 21 январ директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср ҳисобот дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нерӯгоҳи “Роғун” барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатхои муайяншуда ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳ супоришҳои қатъӣ дод.

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон доир ба самтҳои фаъолият дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода шунида шуд.

Бо мақсади бо мутахассисони соҳибкасбу навовар ва дорои қобилияти азхудкунии технологияҳои муосир таъмин намудани соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор карда шуданд, ки барномаҳои таълимиро бо дарназардошти талаботи воқеъии бозори меҳнат дар самти омода кардани мутахассисони соҳа таҷдиди назар намуда, ҷиҳати пайвастани илм бо амал дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур дод, ки дар муддати 6 моҳ камбудиҳои мавҷудаи соҳаро ислоҳ карда, аз натиҷааш дар ҷамъбасти нимсолаи соли 2019 ба Ҳукумат ҳисобот манзур намояд.

Баъди шунидани ҳисоботи раиси Шӯрои директорони КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) Шералӣ Кабир Роҳбари давлат аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли алюминий изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 7,1 фоиз ва нисбат ба соли 2012 қариб се баробар кам мебошад.

Бинобар ин, муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир Азим Иброҳим, раиси Шӯрои директорони КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” Шералӣ Кабир ва ҳайати роҳбарикунандаи он, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳо ва афзоиш додани истеҳсол ва содироти алюминий ва ҳамзамон бо ин, доир ба роҳҳои таъмин намудани рушди минбаъдаи ширкати мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд ва дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2019 ба Ҳукумат ҳисобот манзур намоянд.

Сипас дар кори маҷлиси васеи ҳукумат ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода шунида шуд.

Новобаста аз пешравии кор дар соҳа, қарздории ширкат, истифодаи ғайримақсадноки нерӯи барқ, ҷамъоварии нокифояи пардохти ҳаққи истифодаи он ва талафоти барқ аз камбудиҳои асосии соҳа номида шуда, дастур дода шуд, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ ва содироти он чораҳои мушаххас андешида шавад.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаи корҳо дар самти афзоиши ҳаҷми содироти ватанӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Зикр шуд, ки дар панҷ соли охир ҳаҷми содироти алюминий аз рӯи арзиш 25 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 55 фоиз, ҳамзамон бо ин, дар соли сипаришуда содироти маҳсулоти растанӣ 22 фоиз, маҳсулоти тайёри озуқа 25 фоиз, консерваи меваю сабзавот 50 фоиз ва намак 60 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин робита президент ба вазорату идора ва сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои муассир рӯйи кор гиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.