Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ду техникаи муосири роҳнигоҳдорӣ-автогрейдер ва боркунаки фронталӣ тақдим кард.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, техникаи мазкур ба маблағи зиёда аз 1 млн. сомонӣ харида шуда, дар як вақт се амалро иҷро мекунад.

Гуфта мешавад, тавре муовини сардори Раёсати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  Эгамбердӣ Хуҷаев зикр кард, бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини паркҳои технологии муассисаҳои роҳнигаҳдории ВМКБ ва навоҳии минтақаи Рашт 81 адад техника ва механизми роҳсозӣ  бо харҷи беш аз 5 миллион доллар харидорӣ гардиданд.

Бин ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 техникаи пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ ба қаламрави мамлакат  ворид карда мешаванд. 6 адад боркунаки фронталӣ аллакай ба ҳудуди вилоят ворид шудаанд.

1/2

Зикр мегардад, ки техникаи муосири роҳсозӣ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саф ороста, дар ҳузури иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда шуд.