Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 март ба шаҳри Норак ташриф оварда, дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз дар ин шаҳр иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Норак.

Ба ин муносибат дар майдони марказии шаҳр намоишномаи театришуда бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврал муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин аз майдони марказии шаҳри Норак барканда шуд. Тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдорӣ, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад.

Мақомоти шаҳрдории Норак дар ин маврид мегӯяд, муҷассамаи Ленин ба Боғи фарҳангу фароғати шаҳр кӯчонида хоҳад шуд.

Зимни боздид аз шаҳри Норак сарвари давлат ҳамчунин бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр аз наздик шинос шуда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти нави таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок ва ба оғози амалисозии якчанд лоиҳаҳои нав ҳусни оғоз мебахшад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.