Гузаргоҳи “Боботоғ” Ҳисори Тоҷикистонро бо Узуни Ӯзбекистон пайваст намуда, тариқи он танҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба ҳарду давлат равуо карда метавонанд.

Дар бораи кушодани гузаргоҳи гнав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатиии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тавофуқ ҳосил шуда буд.

Дар ин бора имрӯз зимни чаласаи платаи поёнии парлумон фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ифтитоҳи гузаргоҳи нав ба рушди бештар устувори муносибатҳои дӯстона байни аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуда, навбатпойиҳоро дар дигар гузаргоҳҳои сарҳад кам мекунанд.

Пас аз суханронии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ вакилони парлумон созишномаи байниҳукуматии дахлдорро дар ин хуус байниТоҷикистону Ӯзбекисто якдилона тасдиқ карданд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Аксари гузаргоҳҳо нимаи солҳои 2000-ум дар натиҷаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои дуҷониба баста шуда, то аввали соли гузашта танҳо дутоаш - яке дар самти Турсунзода - Сариосиё ва дигаре дар самти Бӯстон – Бекобод фаъолият мекарданд.

Моҳи марти соли гузашта пеш аз сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи 16 гузаргоҳҳои сарҳадии байни давлатҳо пурра ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.