Ёдгор Файзов имрӯз, 4 март якдилона раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ВМКБ.

“Вакилони маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номзадии Ёдгор Файзовро бар асоси фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврали соли 2019 ба вазифаи раиси вилоят якдилона тасдиқ намуданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси вилоят.

Ёдгор Файзов санаи 1 октябри соли 2018 ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ таъин шуд. Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ раиси нави вилоятро бояд санаи 5 декабр интихоб мекарданд, лекин он замон санаи интихобот ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ рӯзи 15 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинятпеша дар вилоят мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, аллакай санаи 18 сентябр 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард.

Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ низ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Рӯзи 1 октябр бошад, президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро низ аз вазифа озод карда, Ёдгор Файзов иҷрокунандаи ин вазифа таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.