Аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон санаи 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода,  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа рӯзи 11 марти соли равон аз ин озмун натиҷагирӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ дар озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.


Баъди омўзиши аъзои комиссия 6 лоиҳа барои омӯзиш ва баррасӣ ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар ниҳоят 3 лоиҳа ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовор гаштанд.

Ҳамин тариқ, Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурўҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шудааст, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум гашт. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун   ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик  арзёбӣ гардид.

Лоиҳа бо рамзи «Амал», ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия шудааст, бо гирифтани 34 хол сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.


Лоиҳа бо рамзи «335577», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи байналхалқии иттифоқҳои меъморон таҳия шудааст,  31 хол  ва ҷойи сеюмро гирифт.

Нафароне, ки дар озмун ғолиб омаданд, бо туҳфаҳои пулӣ, дипломи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба иштирокчиёни озмун изҳори сипос намуда, пешниҳоди лоиҳаҳоро барои рушду шукуфоии шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ кард.


Ёдрас мешавад, ки Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 30,0 гектар бунёд карда мешавад.

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад. Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрўя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.

Дар муҷассама тоҷ рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омўзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки бунёди боғи «Истиқлолият» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» зери таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.