Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ имрӯз дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи муштарак иқтидори истеҳсолии автобусҳоро дар як сол то 300 адад расонида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хати истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 90 млн. сомониро дарбар мегирад.

1/13

Гуфта мешавад, автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5”, дорои муҳаррики ширкати бонуфузи “Мерседес Бенз” ва мутаҳаррики ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik”, инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд.

Тибқи нақша дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 нафар мусофир, ки дар он 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.

Зикр мегардад, ки автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда (кондиционер) муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки баҳри бехатарӣ ва барҳаво ҳамлу нақли мусофирон хизматрасонӣ менамоянд. Дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.