Дар доираи сафари корӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пояи Нишони давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншооти мазкур дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфта, худи Нишон наздик ба 2 метр ва дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш  22 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ иншоотро 76 адад чароғакҳои поядор ва сутунпояву Нишонро 10 чароғаки пуриқтидор равшанӣ хоҳанд дод. Дар ин иншоот наздик ба 40 адад нишастгоҳ насб гардида, то 200 дарахти сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст.

1/3

Имрӯз ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохт. Иншоот дар масоҳати 40 садяк бунёд гардида, атрофи он бо гулу бутаҳои ҳархела, дарахтони ҳамешасабз ва чароғҳои равшанидиҳанда бо тарҳи муосир оро дода шудааст.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.

1/6

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ аз рӯи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта, онро ифтитоҳ кард. Баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.

1/4

Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд. Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо, оро дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.