Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов якдилона муовини раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Ёдгор Файзов, ки санаи 4 марти соли ҷорӣ узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд, назди аъзои палатаи болии парлумони кишвар ба мардум ва Конститутсияи Тоҷикистон савганди садоқат ёд кард.

Ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов санаи 1 октябри соли 2018 таъин шуда, Шодихон Ҷамшедро дар ин вазифа иваз намуд.

Дар иҷлосияи имрӯза ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қатъ шуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 14 январи соли равон ӯ аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод карда шуда, роҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, ӯ дигар наметавонад курсии ҳама гуна сатҳи вакилиро ишғол намояд.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб намуда, 8 нафарро президенти Тоҷикистон бо фармони худ таъин мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.