Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 апрел маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки тартиби мазкур дар асоси усулҳои муосири самарбахши идоракунии давлатӣ, бахусус ҷиҳати тақвияти сиёсати давлат дар маҳал таҳия гардида, хусусиятҳои хос, иқтидорҳо, афзлиятҳо ва захираҳои мавҷудаи шаҳру ноҳияҳоро ба инобат мегирад.

Сарвари давлат супориш дод, ки барои ба низоми ягона овардани раванди таҳияи барнома, нақшаҳои рушд ва тақвият бахшидани рафти ҳамоҳангсозии онҳо ба ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” аҳамияти махсус дода шуда, он ҳамчун дастури методӣ барои хизматчиёни давлатӣ пешниҳод гардад.

Сипас, дар бораи лоиҳаи қонунҳо ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи разведкаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии ҶТ”, “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози ҶТ”,  “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки ҶТ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Гуфта мешавад, дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” ва Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи қолабӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат баррасӣ шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар хотима баъди баррасии ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон Президенти мамлакат ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва ҷиҳати иҷрои дастурҳои дигари ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ ва идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.