Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ҳукумат дар сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо сабаби ба кори дигар гузаштан Иноятзода Баҳром аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, Хайрулло Амонулло аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Самизода Санавбар Зайнулло аз вазифаи раиси шаҳри Левакант ва Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ озод карда шуданд.

Гуфта мешавад, бо фармонҳои дигар Қурбонзода Амирхон Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, Иноятзода Баҳром иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Давлатзода Зарина Дилмурод иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант ва Ёқубзод Саид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин карда шуданд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод карда шуда, бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.