Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29 май ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» маъқул шумориданд, ки дар онҳо роҳандозии чорабиниҳои разведка дар дохили кишвар пешбинӣ шудааст.
Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилони мардумӣ муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд кард, ки мақомоти разведкаи ҳарбӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда айни замон дар берун аз ҳудуди кишвар амал мекунанд.
Лекин барои мубориза бо терроризму эсктремизм дар дохили кишвар, ба гуфтаи ӯ, то ҳол асосҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд.
“Қабули тағйироту иловаҳо барои муҳайё сохтани сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ ба фаъолияти разведкаи ҳарбӣ, роҳандозии чорабиниҳои махфӣ ва ошкорои марбут ба разведка, идоракунии мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар замони чангӣ, истифодаи аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус зимни иҷрои вазифаҳи хизматӣ асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад”, - гуфт муовини аввали вазири мудофиаи ба вакилон.
Мақсади роҳандозии кори разведкаи ҳарбии дохилиро ӯ ба мавҷуд будани гурӯҳҳои тероористии “хуфта” дар қаламрави Тоҷикистон нисбат дод.
“Вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳону минтақа, тақвият ёфтани терроризм ва экстремизм, мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи террористӣ дар ҳудуди кишварамон, ки метавонанд ба амнияти Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд, тақозо мекунанд, ки ваколатҳои разведкаи ҳарбӣ ба талаботи мубориза бо таҳдидҳои муосир мутобиқ карда шаванд”, - илова кард Эмомалӣ Собирзода.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста