Дар Иҷлосияи нуздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ, санаи 12 июн доир мегардад, 26 қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшуда баррасӣ мешавад.

Ғайр аз ин, ба вакилони палатаи болоии парлумон барои тасдиқ фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ивази 6 судяи Судҳои олӣ, конститутсионӣ ва иқтисодӣ пешниҳод мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Қонуни муҳиме, ки мавриди баррасии аъзои Маҷлиси миллӣ қарор мегирад, қонун “Дар бораи ҳолати ҷангӣ” аст, ки охири моҳи майи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон аз он ҷонибдорӣ намуда буданд.

Он замон зимни суханронӣ назди вакилон муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд карда буд, ки қонуни мазкур бо мақсади муҳайё сохтани заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозии чорабиниҳо оид ба ҳифзи Тоҷикистон дар замони ҷанг, пешгирӣ ва рафъи таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз зидди ҷумҳурӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар таҳия шудааст.

Қонун ҳудуди макони амалҳои ҷангӣ, ваколатҳои раҳбарияти кишвар ва мақомоти давлатиро ҳангоми ҳолати ҷангӣ муайян мекунад. Он ба маҳдуд кардани ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ ва дигар амалҳое, ки ба таъмини амният ва мудофиаи кишвар замони ҳолати ҷангӣ таъсири манфӣ расонида метавонанд, имкон медиҳад.

Дар вақти ҳолати ҷангӣ хариду фурӯши аслиҳа, дорувории дорои маводи психотропӣ, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ манъ мешавад. Ба мақомоти ваколатдор ҷиҳати назорати алоқа, нашрияҳои чопӣ, роҳандозии сензура дар воситаҳои ахбори умум салоҳият дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.