Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, ҷонибдорӣ намуд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, сохтмони се айвонча (галереяҳо)-и муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок бо масофаи умумии 374 метр, ки аз ҳисоби гранти ҷудокардаи Покистон дар ҳаҷми 5 млн. доллар сохта мешаванд, аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Вакил Саидҷаъфар Усмонзода изҳор дошт, ки ба таҷрибаи аз пардохти андозҳо озод кардан дар Тоҷикистон хотима бахшидан лозим аст. “Дар навбати аввал мо бояд фикри онро дошта бошем, ки чӣ гуна қисмати даромади буҷетро зиёдтар кунем”, - гуфт ӯ.

Лекин аксарияти вакилони мардумӣ аз ин даъвати ӯ ҷонибдорӣ накарда, лоиҳаи ҳукуматро дастгирӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки паймонкори кулли лоиҳаи сохтмони се галереяи муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ширкати China Road-и Чин интихоб шудааст, ки Вазорати нақлиёт аввали сол бо он созишномаи дахлдор ба имзо расонид.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар доираи лоиҳаи “Сохтмони айвончаҳои муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок” бунёди 55 адад айвончаҳои муҳофизат аз тарма бо масофаи умумии тақрибан 5665 метр пешбинӣ шудааст.

Барои иҷрои корҳои пешбинишуда дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур ба сурати умум 51,5 млн. доллар маблағ зарур аст. Алҳол танҳо Покистон 5 млн. доллар маблағ ҷудо кард.

Айни замон дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок 24 адад чунин галереяҳо сохта шудааст. Ин иншоот асосан аз ҷониби ширкати China Road соли 2013 ҳангоми таъмиру навсозии роҳ бунёд шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.