Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ” бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои мазкур, мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба роҳандозӣ ва фаъолияти сомонаҳои худ дар шабакаи интернет уҳдадор мешаванд.

Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ минбаъд ҳуқуқ нахоҳанд дошт, ки идоракунии муассисаҳои давлатии коммуналиро ба ихтиёри шахсони хусусӣ супоранд.

Пешниҳоди чунин тағйироту иловаҳо ба қонуни зикршуда бо ташаббуси як гурӯҳи вакилон аз ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистон сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки имрӯз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии чанде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин ВМКБ дар шабакаи интернет сомонаҳои худро надоранд ё онҳо вуҷуд дошта бошанд ҳам, фаъол нестанду сарвақт навсозӣ намешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.