Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 июн якчанд қонунҳоро, ки қаблан аз ҷониби ҳарду палата поёнии парлумони ҷумҳурӣ тасдиқ шуда буданд, ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи ҳунармандӣ”, “Дар бораи чарогоҳ”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҶТ “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гумрук ва андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Аз ҷумла, тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ пайваст кардани симкортҳо ба шабакаи алоқаи барқӣ ва бо истифода аз онҳо содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта равона гардида, барои содир кардани чунин кирдорҳо ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро муқаррар кардааст.

Масалан, акнун мувофиқи тағйироти нав, шахсоне, ки симкортҳои худро ба дигар шаҳрвандон дода, онҳо дар навбати худ, онҳоро барои содир намудани ҷиноятҳо истифода мекунанд, низ ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд.

Барои содир гардидани чунин кирдорҳо ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Гуфта мешавад, қонун “Дар бораи ҳунармандӣ” ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 таҳия ва қабул гардида, ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва беҳдошти соҳаи сайёҳӣ, ба хусус рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонун “Дар бораи чарогоҳ” дар таҳрири нав қабул гардида, дар он масъалаҳои тартиби ба истифода додани чарогоҳ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истифодабарандагони он, назорати истифодаи дуруст ва босамари чарогоҳ, инчунин дигар масъалаҳои чарогоҳ ба таври пурра танзим карда шуданд.

Дар асоси тағйироти воридгардида ба қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии навтаъсис дар соҳаи назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва авиатсияи гражданӣ муайян карда шуданд.

Бино ба тағйиру иловаҳои ба кодексҳои андоз ва гумруки Тоҷикистон воридгардида, кормандони мақомоти номбурда минбаъд оид ба доромад ва вазъи молумулкии худ ба мақомоти дахлдор бояд эъломия пешниҳод намоянд.

Таъкид мешавад, ки қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, татбиқи дурусти сиёсати пуливу қарзӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.