Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз таътили тобистона баргашта дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ мекунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, пагоҳ, 16 август баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи қонунҳое, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва дигар субъектҳои қонунофар пешниҳод гардидаанд, муҳокима шуда, ҷиҳати баррасӣ ба кумита ва комиссияҳои соҳавӣ фиристода мешаванд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, то охири моҳи сентябр вакилони мардумӣ дар кумита ва комиссияҳои парлумон кор карда, бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд ва 1 октябр дар Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор оғоз мекунад.
Қобили зикр аст, ки охири зимистон ваколатҳои ҳайати ҳозираи вакилони парлумон ба итмом мерасад: аввали моҳи марти соли оянда дар ҷумҳурӣ маъракаи навбатии интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста