Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қарор «Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои   нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2015 аз ҷониби собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида буд, тағйирот ворид намуд.

Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд автомашинаҳои боркаш, ки беш аз 10 тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл мекунанд, аз соати 21:00 то 05:00-и субҳ дар шаҳри Душанбе ҳаракат карда метавонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Қаблан ин навъи автомашинаҳои боркаш аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равуо мекарданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳаракати автомашинаҳои боркаши гаронвазн рӯзона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр манъ аст.

“Истисно танҳо ба мошинҳои боркаши ҷудогона амал мекунад, ки дар сохтмони иншооти муҳим барои шаҳр кор мекунанд ва дар ин хусус ба онҳо иҷозатномаи махсус дода мешавад”, - илова кард манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.