Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи пеш аз муҳлати қатъ шудани ваколатҳои намояндагони мардумӣ - вакилон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Ҷамшед Саидзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо сабаби охири моҳи июл аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Норак таъин шудани Ҳилолбӣ Қурбонзода ва раиси ноҳияи Ёвон таъин гардидани Ҷамшед Саидзода, ваколатҳои парлумонии ин вакилон пеш аз муҳлат қатъ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, агар муҳлати ваколати парлумон то як сол боқӣ монда бошад, интихобот ба ҷойи вакилони хориҷшуда гузаронида намешавад.
Қобили зикр аст, ки муҳлати ваколатҳои намоянагони мардумии даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи феврал ба итмом расида, ававли моҳи март дар кишвар маъракаи интихоботи вакилони нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста