Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич бинои мактаби рақами 17-ро баъди азнавсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо мақсади ба шароити имрӯза ҷавобгӯ намудан биною иншооти муассиса пурра навсозӣ карда шуд. Бинои таълимии 2 ошёна аз чор қисм иборат буда, 29 синфхона бо 9 кабинетҳои фаннӣ, 2 озмоишгоҳи фаннӣ, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ дорад.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти маркази саломтӣ низ ҳусни оғоз бахшид. Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занон, кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, табобати дандон, эмкунӣ ва кӯмаки фаврии тиббӣ иборат аст.

1/7

Деҳаи Яхтани ноҳия Деваштич (собиқ ноҳияи Ғончӣ) бо он маъруф аст, ки падар ва бобои президенти вақти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маҳз дар ҳамин ҷо таваллуд шудаанд.

Дао ноҳияи мазкур Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуд. Муҷассамаи Деваштич дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст. Баландии муҷассама бо пояаш 12 аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.