Дар назар аст, ки имсол вохӯрии анъанавии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо толибилмону омӯзгорон ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш 1 сентябр дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон баргузор шавад.

Дар ин рӯз бинои нави Донишкадаи мазкур мавриди истифода қарор мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар асоси фармони президент моҳи августи соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аз ҳамин вақт қабули довталабон ба он  оғоз гардид (қаблан дар донишкада танҳо хизматчиёни давлатӣ такмили ихтисос мекарданд).

Донишкадаи идоракунии давлатӣ – муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ мебошад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Ҳадафи асосии Донишкада бунёди низоми доимоамалкунандаи замонавии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ (бакалавр, магистр, маълумоти дуюми олӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ),  баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Соли хониши 2018-2019 донишкадаро 270 нафар дар соҳаи менеҷмент ва муносибатҳои байнулмилалӣ бо дараҷаи бакалавр ва магистр хатм намуда, 33 нафарашон ба гирифтани дипломи сурх мушарраф гардиданд.

Қобили зикр аст, ки Президенти мамлакат ҳамасола дар остонаи оғози соли хониши нав дар Рӯзи дониш дар муассисаҳои таълимӣ бо донишҷӯён вохӯрӣ мегузаронад. Дар суханрониҳои худ дар ин гуна маросимҳо ӯ дар бораи дастоварду камбудиҳои соҳа изҳори назар мекунад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.