Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, 6 нафар бо ордениловек «Шараф» дараҷааи I, 11 нафар - бо медали «Ҷасорат», 78 нафар - бо медали «Хизмати шоиста», 2 нафар - бо медали «Шафқат», 3 нафар - бо медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон», 1 нафар бо унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 20 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 5 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар бо рутбаҳои навбатӣ ва 11 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Байни ба мукофоту унвонҳо ноилгардидагон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири адлия Рустам Шоҳмурод, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигарон ҳузур доранд.

1/32

Ёдрас мекунем, ки раиси Маҷлиси намояднагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I мукофотонида шуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.