Таҳти раёсати Президенти Точикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 август маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумати ҶТ “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасои масунияти одам (ВНМО) дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода гузориш дод.

Таъкид гардид, ки бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ва расондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон ин барномаи миллӣ қабул гардидааст.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии Барнома дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои иҷрои босифати Барнома чораҳои иловагӣ андешида шавад.

Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ирсол карданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо дар бораи консепсияи рушди соҳаи ангишт, пахши телевизиони рақамӣ, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), таъсиси муассисаи давлатии “Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дастур дода шуд, ки аъзои ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои стратегӣ бояд аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Супориш дода шуд, ки ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣдар саросари кишвар ба таври бошукуҳ ва бо дастовардҳои арзанда ҷашн гирифта шавад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти таъиноти гуногуни дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба нақша гирифташуда, сари вақт ва бо сифати баланд бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ, кишти тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ, ба ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастурҳои дигар дода шуд.