Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо “сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифааш озод карда шуд.

Фармон дар бораи сабукдӯшии Хидирзода аз мансаб рӯзи 25-уми октябр ба имзо расидааст. Дар ин бора як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Махфират Хидирзода ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба кор гузаштааст, аммо кадом мансабро дар он ишғол карданаш алҳол маълум нест.

Махфират Хидирзода соли 2016 ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд. Ӯ ба сохтори идеологӣ масъул буд. Пеш аз ин ба ҳайси раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ифои вазифа мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.