Ҳафтаи оянда раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Швейтсария, Чехия ва Фаронса боздид мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Ҳукумати ҶТ хабар дод, аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷараёни сафари худ ба Аврупо аз 4 то 12-уми ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон аз дигар кишварҳои ин қора низ боздид кунад.

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки Душанбеи расмӣ ба дастгирии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои иқтисоду молия ва сармоягузориву амният даст ёфтанист.

Ба ақидаи аксари онҳо, сафари қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо барояш осон нахоҳад буд.

“Дар Аврупо ба раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вазъи озодии баён дар кишвар, қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, маъракаҳои интихоботи парлумонӣ дар аввали баҳор ва президентӣ дар тирамоҳи соли 2020 суолҳои душвор хоҳанд дод”, - мегӯянд коршиносон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.