Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 28-уми ноябр бо ҳайати намояндагони Туркия таҳти сарварии раиси Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши миллӣ Наҷмиддин Билол Эрдуғон, писари президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, маҳаки асосии музокиротро масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши миллӣ ташкил дод.

Рустами Эмомалӣ ба ҳамсуҳбати худ маълумот дод, ки дар Тоҷикистон соҳаи варзиш фаъолона рушд ёфта, дар баробари намудҳои анъанавӣ – футбол, гуштин, волейбол, камонварӣ, гурзпартоӣ, таэквандо, бокс, инчунин намудҳои варзиши миллӣ, аз қабили аспдавонӣ, гуштингирӣ, чавгонбозӣ ва ғайра хеле маъмул буда, барои ташаккул ва оммавигардонии варзиши миллӣ дар Тоҷикстон Кумитаи ташкилии гузаронидани бозиҳои миллӣ таъсис дода шудааст.

Раиси пойтахт ҳамчунин қайд кард, ки ҳамкориҳои шаҳрдории Душанбе бо сохторҳои ҳукумати Туркия торафт густариш ёфта, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 ширкати маъруфи Туркия намояндагиҳои худро ифтитоҳ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.