Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4-уми декабр Фармонро дар бораи рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор кардани интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакилони маҷлисҳои ВМКБ, вилояҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба имзо расонид. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Интихоботи вакилон ба маҷлисҳои ҷамоат ва шаҳракҳо низ 1-уми март баргузор мешавад.

Бо ҳамин фармони сарвари давлат замони баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ рӯзи 27-уми марти соли 2020 таъин шуд.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон сарвари давлат расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.

Қаблан хабар дода будем, ки рӯзи 15-уми декабр дар Душанбе анҷуманҳои пеш аз интихоботии Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

То имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби аграрӣ таъин нашудааст.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки анҷумани ин ҳизб нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки дар интихоботи навбатӣ ба парлумони кишвар ҳизб тактикаашро иваз мекунад.

“Дар интихоботи навбатӣ ба парлумон ҲСДТ тактикаи сиёсати пешазинтихоботиашро тағйир хоҳад дод. Агар дар интихоботи соли 2015 мо аз рӯйхати ҳизбӣ 22 номзад пешниҳод карда будем, ин дафъа шумори онҳоро кам карда метавонем”, - гуфт вай.

Раҳматилло Зойиров
Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи ӯ, чанде аз номзадҳои эҳтимолии ҳизб ба вакилии парлумон дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, ояндаи наздик аз Русия ба Ватан бармегарданд.

“Як қисми муайяни фаъолони ҳизби мо айни замон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, ният дорем, ки маҳз онҳоро номзад пешбарӣ кунем”, - қайд кард Раҳматилло Зойиров.

Вай афзуд, номзадҳои имконпазир ба вакилӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба ӯ итминон додаанд, ки нимаи моҳи декабр ба Тоҷикистон баргашта, ба муборизаи пешазинтихоботӣ мепардозанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.