Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот медиҳад.

Ҳисоботи раиси пойтахт дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми декабр шунида мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Вакилони Маҷлиси шаҳр аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр тӯли 11 моҳи соли равон натиҷагирӣ карда, вазифаҳоро барои соли 2020 муайян ва ҳамчунин буҷети пойтахтро барои соли оянда баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин рафти иҷрои барнома ва нақшаҳои дастгоҳи шаҳрдории пойтахт дар самти кор бо ҷавонон ва оила баррасӣ хоҳад шуд.

Вакилони маҷлис масъалаи тасдиқи қарорҳои қаблан қабулшудаи раиси пойтахтро низ баррасӣ мекунанд.

Раиси пойтахт аз вакилон дархост кард, ки бо интихобкунандагони худ вохӯрӣ гузаронида, андеша ва пешниҳодҳои онҳоро ҷиҳати ворид кардан ба рӯзномаи иҷлосия омӯзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.