Собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Саидмурод Фаттоҳзода дар садри рӯйхати номзадҳои ҳизб ба интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ қарор гирифт.

Ба рӯйхати ҳизбии ҲХДТ иборат аз 28 нафар номзадҳо ҳамагӣ 4 нафар намояндагони ҳизб, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар даъвати гузашта вакилони палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буданд, дохил гардиданд. Дар анҷумани пеш аз интихоботии ҳизб рӯзи шанбе вакилони амалкунанда Дилрабо Мансурӣ, Фирӯза Шарифӣ, Насиба Содиқова ва Абдураҳим Холиқзода боз ба рӯйхати ҳизбӣ шомил шуданд.

Боқимонда 24 нафар номзадҳо аз ҲХДТ ягон маротиба вакили парлумон набуданд. Рӯйхати пурраи номзадҳо ба вакилӣ аз ҲХДТ алҳол дастрас нест.

Дар Тоҷикистон таҷрибае роиҷ шудааст, ки номзади дар садри рӯйхати ҲХДТ қарордошта муовини аввали раиси парлумон мешавад. Вобаста ба ин, аз эҳтимол дур нест, ки рӯзноманигори касбӣ Саидмурод Фаттоҳзода муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони даъвати оянда интихоб шавад.

Фаттоҳзода соли 1958 дар Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1981 Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии иҷтимоии Минскро бо ихтисосҳои “рӯзноманигор-корманди адабии газета” ва “сиёсатшинос” хатм кардааст. Номзади илмҳои сиёсашиносӣ мебошад.

Бо ордени “Красная звезда” ва медалҳо мукофотонида шуда, бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаст.

Интихобот ба парлумони Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.