Дар доираи сафари корӣ ба Русия раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 19-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, дастовардҳои арзандаи мардум, аз ҷумла, ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, амалисозии лоиҳаҳои муҳим ва барномаҳои давлатӣ баҳри рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, татбиқи ҳадафҳои чор самти асосии стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, андешаронӣ кард.

Таъкид гардид, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои таълиму тарбияи насли наврас ва рушди зерсохтори хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, ҳамасола муассисаҳои таълимии нав сохта ва ба истифода дода мешавад. Дар 5 соли охир садҳо беморхона, дармонгоҳ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Президенти мамлакат таъкид дошт, ки соли оянда дар ҳаёти сиёсии кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла, интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба нақша гирифта шудаанд.

Сарвари давлат ба Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар мақомоти дахлдор дастур дод, ки барои таъмини раванди овоздиҳии бемамониати шаҳрвандони бурунмарзиамон дар маъракаҳои интихоботии соли оянда чораҳои муассир андешанд.  

Ӯ дар бораи вазъ ва сатҳи муносибатҳои шарикӣ бо Русия андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамкорӣ бо ин кишвар доир ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои муҳими музокироту гуфтушунидҳои роҳбарияти олии ҷонибҳо боқӣ мемонад.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, бахусус, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Аз ҷумла, дар ҳошияи музокироти сатҳи олии моҳи апрели соли 2019 Созишнома  дар хусуси ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии мо ба Федератсияи Русия ба имзо расид. Мавриди иҷро қарор гирифтани ин санад барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия муҳим мебошад.

Вай афзуд, дар ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба соддагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ба миён гузошта мешаванд.

Дигар мавзӯи марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор кардани маъракаи такрории “авфи муҳоҷиратӣ” мебошад, ки он низ зимни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин матраҳ гардида буд.

Раисҷумҳур ба сохторҳои дахлдори кишвар, аз ҷумла, сафорати Тоҷикистон дар Маскав супориш дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҷиддан пайгирӣ намоянд. 

1/16

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар Русия қарор доранд, даъват ба амал оварда шуд, ки аз қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои ба расмият даровардани будубоши худ дар қаламрави он воқиф гарданд.

Айни ҳол Тоҷикистон бо 83 субъекти Русия дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод, аз ҷумла, дар арсаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ҳамкории гуногунҷанбаро ба роҳ монда, рушд медиҳад.

Садҳо намояндаи кишвари мо дар муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии ин шаҳр таълим гирифта, дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон саҳми шоёни худро гузоштаанд ва мегузоранд.

Шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҳавзаи федералии шимолу ғарб то 3 ҳазор нафар, аз ҷумла, дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург ба зиёда аз ҳазор нафар мерасад.

Сарвари давлат вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири таҳдиду хатарҳо ба амнияти кишвар ва эмин нигаҳ доштани муҳити ҳамватанони бурунмарзӣ аз таблиғоти созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ аз роҳбарияти ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикистониён дар Русия даъват ба амал овард, ки бо истифода аз воситаҳои мавҷуда корҳои маърифативу фаҳмондадиҳиро миёни шаҳрвандони мо васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ кардани шомилшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои ҷиноятпеша ҳадафмандона талош варзанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба корҳои маърифатпарварӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши илму техника ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир диққати махсус дода шавад.

Вобаста ба рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, забон ва фарҳанги миллӣ, анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва арҷгузорӣ ба хотираи шахсиятҳои барҷастаи миллат таъкид дошт, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон тайи солҳои охир номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан” – санъати гулдӯзӣ дар Тоҷикистон ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Чанде пеш қарори ин сохтори СММ дар хусуси соли оянда ҷашн гирифтани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид  шуда буд, қабул гардид.

Аз ин рӯ, аз ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикони Русия даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯҳияи худшиносиву ҳуввияти миллӣ, эҳтиром ба анъана ва фарҳанги ниёгон дар тарбия кардани насли наврас нақши бориз дошта бошанд.

Дар ин масир ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикон дар Русия бояд дар баргузории мунтазами чорабиниҳои милливу фарҳангии кишварамон, аз қабили ҷашни Наврӯз, Сада, Меҳргон, инчунин маҳфилҳои шеъру суруд фаъолтар бошанд.

Дигар самти ташвиқи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ роҳандозии нашри маҷаллаву рӯзномаҳо, таъсиси шабакаҳои телевизион, радио ва интернет дар қаламрави Русия мебошад.

Дар охир раисҷумҳур бо итминон изҳор дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо кӯшишҳои якҷоя дар роҳи шукуфоии Ватани аҷдодиамон дар оянда низ ба дастовардҳои нав ба нав ноил хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.