Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26-уми декабр бо паёми анъанавии ҳамасола ба парлумони ҷумҳурӣ суханронӣ мекунад.

Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) дар маҷмааи “Кохи Сомон” баргузор шуда, соати 10:00 оғоз мегардад.

Дар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2020 муайян мешаванд.

Ба ҷуз вакилони парлумон, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳо низ ба “Кохи Сомон” даъват шудаанд.

Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радио суханронии президентро ба таври мустақим намоиш додаву мешунавонанд.

Ба чанде аз шабакаҳои мустақили телевизиону радио низ тавсия дода шудааст, ки ироаи паёми сарвари давлатро намоиш додаву шунавонанд.

Ба ҷуз ин, кормандони ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар толорҳо мустақиман паёми президентро тамошо мекунанд.

Маъмулан, баъд аз таҷлили Соли нав вакилони парлумон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо бандҳои асосии паёмро тавзеҳ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.