Имрӯз, 30-юми декабр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он нақшаи кори ҳукумат дар нимсолаи якуми соли 2020 баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба нақша аз тарафи вазорату идораҳо ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар маҷмуъ 36 масъала ва 18 банди чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ пешниҳод шудааст.
Баъд аз баррасӣ нақшаи кори ҳукумат қабул гардид ва қарор қарда шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар бораи ҷараёни амалишавии Стратегияи миллии рушди маорифи ҶТ то соли 2020 ҳисоботи вазири маориф ва илм Нуриддин Саид шунида шуд. Таъкид гардид, ки стратегия бо мақсади рушди пурсамари соҳаи маориф дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти шароиту дурнамои рушди мамлакат таҳия шудааст.
Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии ҶТ барои солҳои 2021-2023 ва лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” гузориши вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ “Дар бораи сайёҳӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2020-2022 баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босифати барномаву стратегияҳо ва супоришҳои ҳукумати ҶТ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Супоришҳо ҳамчунин вобаста ба татбиқи нишондодҳои паёми раисҷумҳур “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шуд.
Президент ҳамчунин таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2019, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ҷалб кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста