Лавҳаҳои рангаи ташвиқотии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии ба рӯзи 1-уми марти соли равон таъиншуда набояд аз ҳаҷми варақи форматаш А2 зиёд бошад.

Тавре дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, плакатҳо (лавҳаҳо)-и ташвиқотии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон дар ҳаҷми варақаи А3 муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, дар плакати ташвиқотии рўйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ фишурдаи барномаи пешазинтихоботии ҳизби сиёсӣ ва расми ҳар номзади пешбаришуда мутобиқи рӯйхат дар ҳаҷми 6х9 бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, мансаб (шуғл), ҷойи кор ва истиқомат дарҷ карда мешавад.

Ҳамзамон дар Плакати ташвиқотии ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии интихобот тарҷумаи ҳол, расми ҳаҷмаш 9х12 ва барномаи пешазинтихоботии ӯ инъикос мешавад.

Қаблан КМИР Тоҷикистон муқаррар кард, ки барои истифодаи ВАО ба ҳар кадоме аз ҳизбҳои сиёсии кишвар то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда мешавад.

Ғайр аз ин, барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шуд. Дар дигар ҳолатҳои истифодаи васоити хабори умум низ ҳамин гуна тартибот амал мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.