Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳоро ба имзо расонида шуданд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об”,  “Дар бораи хазинадорӣ”  ва “Дар бораи ниҳолпарварӣ”  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни нав “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” баҳри иҷрои дастурҳои президент аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Охири соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки қонуни амалкунанда дар бораи муқовимат бо экстремизм" ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест ва зарурати таҳияи қонуни нав ба миён омадааст.

Ҳадафи қабули қонуни нав пешгирии ҷалби шаҳрвандони кишвар ба ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳамчунин ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки қаблан ба гурӯҳҳои хориҷии тундгаро пайвастаанд.

Тағйироти нав дар қонун пеш аз ҳама ба санадҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ дар ин самт, аз ҷумла, қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дахл доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.