Яке аз дастрастарин барои рӯзноманигорон котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон, полковник Умарҷони Эмомалӣ вазифаи сардори маркази матбуоти вазорати мазкурро тарк кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд, Умарҷони Эмомалӣ ба мансаби муовини роҳбари дастгоҳи ВКД таъин шудааст.

Нусратулло Маҳмадзода, ки то ин замон дар хадамоти матбуоти ВКД кор мекард, котиби матбуотии нави вазорат таъин шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ соли 1999 Мактаби олии милитсияи ВКД Тоҷикистонро хатм карда, ҳамон сол дар мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмат пардохт. Моҳи августи соли 2016 ба вазифаи сардори маркази матбути ВКД Тоҷикистон таъин шуд.

Ӯ дар қиёс бо аксари котибони матбуотии вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ҳамеша бо рӯзноманигорон ҳамкорӣ карда, барои васоити ахбори умуми кишвар дастрас буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.