Ташкилоти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Рӯдакӣ раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахтро номзад ба вакилии палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, конфронси ташкилоти ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муҳаммадраҳим Юсуфиро якдилона номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

Муҳаммадраҳим Юсуфиии 60-сола зодаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, то таъин ба мансаби раиси ноҳияи Фирдавсӣ дар соли 2018, муддати се сол ба ҳайси раиси ҳамин ноҳия ифои вазифа кардааст. Маълумоти олии агрономӣ дорад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ мансаби раиси ноҳияи Фирдавсиро тарк мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.