Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 8-уми январ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони ҶДММ “Пайванд”, ки ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, шинос шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар масоҳати наздики 5 гектар, аз ҷумла, дар 4 гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Бештар ин ҷоро дарахтони гелос, каштан, дуб, махония, пихта конкалор, кипарис, магнолияи баргрез ва 3 намуди дигари ин дарахт, секвоя, можевелник, туя, сосна, береза, клен, принус, амиландр, сирени ҳиндӣ, зелол, саликс хакуро, лекадамбр, османтус, тис, каталпа, абиесс нордман, воодбриҷ, тсерсис ва гулу буттаҳои ороишӣ хушу муаттар кардааст.

Мутахассисон иттилоъ додаанд, иқлими Тоҷикистон субтропикӣ ва зудтағйирёбанда буда, аз ин рӯ, дар заминҳои ин қитъа ниҳоли дарахтони гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Ҳолланд ворид карда мешаванд.

Раисҷумҳур зимни суҳбат бо коргарони ширкати “Пайванд” оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои хуштаъми Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои ҳукумат бобати рушди боғу токпарварӣ андешаронӣ карда, маслиҳатҳои муфид дод.

Дар назди ширкат мағозаи “Пайванд” фаъолият дорад, ки дар он намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

1/19

Раисҷумҳур инчунин бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуд.

Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб дорад.

Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Дар масоҳати наздики 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ дастур дод, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришёфта истифода кунанд.

Дар Боғи миллӣ шумораи дарахтони мевадиҳанда беш аз 17 ҳазор, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз беш аз 65 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахтон, ки шумораашон 355 бехро ташкил медиҳад, корҳо ҷараён дошта, онҳо нашъунамои хуб доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.