Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, ки ба ҳукумат ҷиҳати ҷалби сармоя, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун имкон медиҳанд, қабул кард.
Мувофиқи тағйирот сармоягузориҳо ҳамчунин барои рушди “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) низ ҷалб шуда метавонанд. Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ТАЛКО аз 1-уми ноябри соли 2019 ба Ҷамъияти саҳомии кушода табдил ёфт.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Орзу Аҳмадзода, ки дар ҷаласаи парлумон иштирок дошт, дархости рӯзноманигоронро бобати шарҳу тавзеҳи тағйироти қабулшуда рад кард.
Тибқи қонун “Дар бораи хусусигардонӣ”, ки моҳи феврали соли 2009 қабул шуд, нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Роғун, ҳамчунин “Ширкати алюминии тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд.
Онҳо иншооти муҳими давлатӣ ва стратегӣ эътироф шудаанд. Айни замон ба феҳристи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд, иншооти таъиноти мудофиавӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста